Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 24 ихтисоси нав таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 01.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 72 асари илмӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯёни хориҷӣ, инчунин татбиқи 5 лоиҳаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳими соли 2025 мебошанд. Дар ин хусус 28 январ зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ректори донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода иттилоъ дод, ки соли 2025 донишгоҳ бо 8 муассисаи байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҳоло бо зиёда аз 130 муассисаи дохиливу хориҷӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ мондааст. Дар ин давра 5 омӯзгор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Фаронса ба донишҷӯён дарс гуфтанд.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳимояи беш аз 58 рисолаи номзадӣ ва докторӣ анҷом ёфта, 24 ихтисоси наву замонавӣ дар зинаҳои бакалавр ва магистратура, аз ҷумла дар самтҳои зеҳни сунъӣ, Web-дизайн, технологияҳои иттилоотӣ ва забономӯзӣ таъсис дода шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






