Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Саттор Турсун аз зумраи он аҳли илму адаби тоҷик аст, ки дар аксар навиштаҳояш перомуни ҳувияти миллӣ, ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҳифзи сарватҳои маънавӣ бисёр бо дард ва дилсӯзона андеша баён намудааст. Чунин иброз гардид зимни Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Саттор Турсун ва масоили инкишофи адабиёти муосири тоҷик», ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Конференсия ба ифтихори 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун гузаронида шуда, дар он адибону донишмандони маъруф роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти нависанда сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки Саттор Турсун яке аз адибони барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо осори арзишманд дар рушду такомули адабиёт саҳми назаррас гузоштааст.
Воқеияти зиндагиро Саттор Турсун дар асарҳои хурду бузургаш бо нишон додани пастиву баландиҳои зиндагии инсон кӯтоҳу самимӣ ва гоҳо муфассалу ҷаззоб ба қалам додааст. Ҳикоёти ӯ аксаран асарҳои ахлоқию тарбиявӣ мебошанд. Повесту романҳояш ҷанбаҳои амиқи фалсафӣ доранд, ки ин далели назари фарох ва таҳқиқӣ доштани муаллиф аст.
Саттор Турсун дар тарҷума ва осори нависандагони бузурги ҷаҳон ба забони тоҷикӣ саҳми шоиста дорад. Имрӯз хонандаи тоҷик осори адибони ҷаҳонро дар тарҷумаи Саттор Турсун бо забони модарӣ мутолиа мекунад.
Академики Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ иброз намуд, ки Саттор Турсун суханвари забардаст буда, дар асарҳояш хазинаи пурғановати забони тоҷикиро ба маврид истифода бурда, калимаву ибораҳои халқию адабиро устокорона пайванд додааст.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов иброз дошт, ки Саттор Турсун аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки дар авҷи адабиёти муосири тоҷик, дар солҳои 70-ум ба Иттифоқи нависандагон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор омада, дар қатори адибони бузурги тоҷик фаъолият кардааст.
Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ афзуд, ки Саттор Турсун дар натиҷаи дидаву шунида ва хондаҳояш барои адабиёти тоҷик асарҳои мондагор таълиф намудааст. «Саттор Турсун дар романи «Се рӯзи як баҳор» (1988) аз аввал то ба охир фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикиро хеле моҳирона муаррифӣ намудааст. Инчунин дар ин асар расму оин, урфу одатҳои миллиро дар асоси мушоҳидаву шунидаҳояш хеле дилчаспу бо забони шево инъикос кардааст. Нависанда аз зарбулмасалу мақолҳои халқӣ бо меъёрҳои забони адабӣ васеъ истифода бурдааст»,-иброз намуд Равшан Раҳмонӣ.
Саттор Турсун адибест, ки набзи замонро накӯ эҳсос карда, ба воқеаю рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо додааст.
Нависанда фаъолияти худро аз маҷаллаи маъруфи «Садои Шарқ» оғоз намуда, муддати 20 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунандаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст. Аввалин китобаш ҳам бо номи «Дили гарм» дар соли дуюми кораш дар «Садои Шарқ» (соли 1971) рӯйи чопро дидааст. Дар муддати кӯтоҳ аз ҳикоя ба повесту роман гузашт ва ин навиштаҳо яке паси дигар ба нашр расиданд. Саттор Турсун дар байни хонандагонаш бо китобу асарҳояш «Сукути қуллаҳо», «Камони Рустам» (1976), «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад» (1983), «Падар», «Се рӯзи як баҳор» (1988), «Санг дар бағал ба тӯфон» (2002), «Чорбанди домангир» (2011), «Думбура» ва ғайра маъруф шудааст.
Повесту роман ва ҳикояҳои нависанда ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудаанд. Адиб дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае, чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян ҳисса гузоштааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид






