Дар Хатлон ганҷинаи сиккаҳои бостонии асри I кашф карда шуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 барои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши ҳифз, ҷамъоварӣ ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик бо рӯйдоди муҳим — ҷамъоварии як ганҷинаи сиккаҳои аҳди бостон оғоз гардид. Ин ганҷинаро як сокини маҳаллии ноҳияи Шаҳритус ҳангоми иҷрои корҳои заминдорӣ ёфтааст, ки дар дохили як кӯзачаи сафолӣ сиккаҳои зангзада буданд. Гурӯҳи таҳқиқотӣ аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии академия ба ноҳияи Шаҳритус рафта, ганҷина ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интиқол дода шуд. Дар ин хусус имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар натиҷаи омӯзиши ибтидоӣ муайян гардидааст, ки ганҷина зиёда аз 150 сиккаи мисии аҳди Кушониёнро дар бар мегирад. Аксари сиккаҳои ёфтшуда ба асри якуми милодӣ мансуб буда, бо фармони шоҳаншоҳи кушонӣ Вима Такту кӯбида шуда, таърихи 2000-сола доранд.
Ҳоло бозёфт мавриди омӯзиш ва таҳқиқи мутахассисони соҳаи сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ қарор дорад. Дар айни замон мутахассисону тармимгарони институт корҳои поккорӣ ва барқарорсозии ҳолати аслии сиккаҳоро анҷом медиҳанд. Баъди анҷоми ин марҳила таҳқиқоти ҳамаҷонибаи илмии ганҷина идома хоҳад ёфт.
«Омӯзиши амиқи ин бозёфти нодир метавонад саҳифаҳои нави таърихи давлатдорӣ, иқтисод ва фарҳанги моддии ниёгони тоҷиконро равшан намояд. Пас аз анҷоми таҳқиқоти пурра натиҷаҳои илмии он дар шакли мақолаи илмӣ ва нашрияҳои тахассусӣ ба табъ хоҳанд расид»,- таъкид шуд дар нишасти матбуотӣ.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид






