Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид

Февраль 22, 2026 12:00

РОҒУН, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба муносибати 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии Гвардия миллӣ, воқеъ дар шаҳри Роғун вохӯрии судманд доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  хабар доданд.

Раиси шаҳри Роғун Сунатулло Саидзода иброз дошт, ки «дар нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳифз ва таҳкими он бе сохтори низомӣ ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, дар баробари ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкили Артиши миллӣ ба рукни муҳим ва ҳатмӣ табдил ёфт. Бо гузашти 33 сол  метавон бо итминон гуфт, ки имрӯз Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ва ҳимоятгари Истиқлолияти давлатӣ мақому ҷойгоҳи шоиста пайдо кардааст».

Дар ҳамоиш аз ҷониби намояндаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба сарбозону афсарон китобҳои бадеӣ туҳфа карда шуда, инчунин барои сарбозону афсарон  дастурхони идона ороста шуд.

Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун  чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ-ватандӯстӣ  ва фарҳангию маърифатӣ баргузор гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Февраль 22, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд