Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд оид ба даъвати баҳории ҷавонписарони солҳои таваллуди 1999–2008 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷараёни омодагӣ ва ташкили маъракаи даъвати баҳорӣ баррасӣ гардида, масъулин доир ба корҳои анҷомдода ва нақшаҳои минбаъда ҳисобот пешниҳод намуданд.
Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ–муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Саидзода вазъ ва натиҷаҳои давраи омӯзишии фаъолияти комиссияи даъвати баҳориро дар шаҳри Конибодом мавриди таҳлили амиқ қарор дод. Иброз гардид, ки даъвати ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ буда, иҷрои саривақтӣ ва босифати он ба ҳамоҳангии фаъолияти тамоми сохторҳои марбута вобаста аст. Таъкид шуд, ки ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бояд дар заминаи риояи қатъии қонунгузорӣ, шаффофият ва масъулияти баланд ҷалб карда шаванд.
Иброз гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Ватан буда, ҳар ҷавонписар бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият дар иҷрои ин рисолати муқаддас саҳм гузорад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






