Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд

Февраль 28, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби  намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва дигар чорабиниҳои мақсаднок дар байни аҳолӣ оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Андешидани тадбирҳои мақсаднок аз ҷониби масъулони соҳа ва дар ин замина амалисозии ҳадафҳои ҳукумати мамлакат расидан ба нишондодҳои назаррасро ба манфиати иқтисодии ҳар оила ва рушду тараққиёти мамлакат таъмин месозад.

Намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб дар доираи татбиқи ҳадафҳои ҳукумати мамлакат пайваста дар шабакаҳои барқӣ, байни ташкилоту муассисаҳо амалиёти назоратию муоинаи техникӣ ва бо сокинон вохӯрию суҳбатҳо ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Ҳадафи гузаронидани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон доир ба истифодаи самараноку оқилонаи неруи барқ ва таъмини пешрафту зиндагии осоиштаи мардум мебошад.

Таҳлилҳои гузаронида ва натиҷаи фаъолияти пурсамар давоми соли 2025 бозгӯйи онанд, ки раванди чунин чорабиниҳои ҳадафнок барои пешбурди фаъолияти кормандони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби муштариён ва коҳиш ёфтани сатҳи талафоти неруи барқ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 28, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад