Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои мақсаднок дар байни аҳолӣ оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Андешидани тадбирҳои мақсаднок аз ҷониби масъулони соҳа ва дар ин замина амалисозии ҳадафҳои ҳукумати мамлакат расидан ба нишондодҳои назаррасро ба манфиати иқтисодии ҳар оила ва рушду тараққиёти мамлакат таъмин месозад.
Намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб дар доираи татбиқи ҳадафҳои ҳукумати мамлакат пайваста дар шабакаҳои барқӣ, байни ташкилоту муассисаҳо амалиёти назоратию муоинаи техникӣ ва бо сокинон вохӯрию суҳбатҳо ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Ҳадафи гузаронидани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон доир ба истифодаи самараноку оқилонаи неруи барқ ва таъмини пешрафту зиндагии осоиштаи мардум мебошад.
Таҳлилҳои гузаронида ва натиҷаи фаъолияти пурсамар давоми соли 2025 бозгӯйи онанд, ки раванди чунин чорабиниҳои ҳадафнок барои пешбурди фаъолияти кормандони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби муштариён ва коҳиш ёфтани сатҳи талафоти неруи барқ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






