Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
ДАНҒАРА, 08.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и ноҳияи Данғара таҳти унвони «Фарҳанги дастархонороӣ» озмуни ноҳиявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара.
Мақсади асосии озмун тарбияи ҷомеа, омода намудани ҷавондухтарон ба зиндагии мустақилона, омода намудани таомҳои миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллии тоҷикона, тарзи пешниҳоди таом ва одоби меҳмондорӣ, сарфакорӣ ва пешгирии исрофкорӣ мебошад.
Тибқи низомномаи озмун, даври аввал дар муассисаҳои олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумии ноҳия баргузор мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






