Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои раиси ноҳия, ҳолатҳои мазкур барои андешидани тадбирҳои қонунӣ ба прокуратураи ноҳия, Сарраёсати меъморию шаҳрсозӣ, Раёсати назорати давлатии сохтмону меъморӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуданд.
«Дар ин замина вобаста ба ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин 241 амри прокуратураи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, 5 қарори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва 11 мактуби кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ба мақомоти иҷроия ворид гардид. Дар якҷоягӣ бо прокуратураи ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои пешгирию бартарафкунӣ ба роҳ монда шуда, 41,3 ҳазор метри мураббаъ қитъаи замин ба ҳолати аввал баргардонида шуд», — гуфт Дилшод Сафарзода.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд






