Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизмати содиқона ва ҷонфидоёнаи ҳомиёни Ватан, инчунин бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш Раиси ноҳия Икромиддин Вализода иброз дошт, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба замони бисёр ҳассоси таърихи давлатдорӣ рост омад. Маҳз бо иродаи сиёсӣ ва тадбирҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ба сипари боэътимоди давлат ва кафили сулҳу субот табдил ёфт.
Баён гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими таъминкунандаи амнияти миллӣ, ҳифзи марзу буми мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ҷасорату матонат, садоқат ба Савганди ҳарбӣ ва руҳияи баланди ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ боиси ифтихори ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад.
Иштирокчиёни ҳамоиш аз дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи мудофиа ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки шароити хизмат, таъминоти моддиву техникии қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ сол то сол беҳтар гардида, сатҳи касбияти афсарону сарбозон боло меравад.
Таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои ватандӯстона бозгӯи эҳтироми ҷомеа ба хизматчиёни ҳарбӣ буда, дар замири насли ҷавон ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату миллат ва масъулиятшиносиро тақвият мебахшад.
Дар ҷараёни ҳамоиш як зумра хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ноҳия барои саҳми арзанда дар таҳкими қонуният, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҳамкории судманд бо Сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






