Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид

Февраль 26, 2026 18:00

РАШТ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар ноҳияи Рашт дар мавзуи «Таҳлили вазъ, омилҳо ва манбаъҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон»  конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо коррупсия қадамҳои устувор гузошта, барои пешгирии он тамоми заминаи ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.

Коррупсия дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад. Аз ин хотир мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ва амнияти давлатӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро дар баробари терроризму ифротгароӣ аз ҷумлаи мушкилоти глобалӣ номида, бар зидди он муборизаи беамон эълон намуданд. Мубориза бо коррупсия кори дастҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд иштирок намоянд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дастуру супоришҳое, ки зимни пешниҳоди Паёми   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) дода шуданд, ҳамчун санади муҳими роҳнамо барои таҳкими қонуният, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти мубориза бар зидди коррупсия, экстремизм ва терроризм аҳаммияти калидӣ доранд. Танҳо тавассути ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон ба коҳиши омилҳои хатарнок  ва таҳкими суботу амнияти ҷомеа ноил гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Февраль 26, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад