Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Февраль 20, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон  дар Саммити байналмилалии «AI  Impact Summit», ки аз 16 то 20 феврал дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳиндустон баргузор гардид, аз ҷониби роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни суханронии роҳбарияти Агентӣ инчунин  рушди иқтисоди рақамӣ ва таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила инфрасохтори рақамӣ ва иқтидори кадрии соҳаро барои воридсозии технологияҳои зеҳни сунъӣ тақвият мебахшад.

Таҷрибаи кишварҳои пешсаф бозгӯи он аст, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои хизматрасонии давлатӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва саноат метавонад самаранокии идоракуниро баланд бардорад.

Дар доираи саммит бо намояндагони ширкатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқоти дуҷониба баргузор гардида, масъалаҳои ҳамкории муштарак ва ҷалби сармоя баррасӣ шуданд.

Иштирок дар саммит ба таҳкими мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ  дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мусоидат менамояд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд