Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд

Февраль 27, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  дар мавзуи «Огоҳонидани аҳолӣ дар бораи чораҳои бехатарии радиатсионӣ» машварат баргузор шуд. Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд, машварат   аз ҷониби Агентии бехатарии кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар  ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ташкил шуда, дар он аз чанд ҷамоати   шаҳрҳои Бӯстон ва  Истиқлол шахсони гуногункасб иштирок намуданд.    

Дар машварат мутахассисон дар мавзуи асосҳои бехатарии радиатсионӣ якчанд муаррифӣ ва сессияҳои интерактивӣ баргузор намуданд. Дар онҳо масъалаҳои назорати сатҳи радиатсия, қоидаҳои рафтор дар минтақаҳои хавфнок, истифодаи воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва аҳамияти муоинаҳои мунтазами тиббӣ баррасӣ карда шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ҳавзҳои партови уран дар ҳудуди шаҳраки Адрасмон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   зоҳир гардид, ки дар онҳо миқдори зиёди партовҳо боқӣ мондаанд.

Ба иштирокчиён оид ба кам кардани таъсири радиатсия дар ҳаёти рӯзмарра, аз ҷумла истифодаи бехатари заминҳои кишоварзӣ ва манбаъҳои об тавсияҳои амалӣ дода шуданд. Иброз гардид, ки машварат барои онҳо доир ба ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист донишҳои арзишманду амалӣ фароҳам овард. Маълумоти бадастомада имкон медиҳад, ки онҳо дар фаъолияти ҳамарӯза усулҳои амнтарро истифода бурда, донишҳои гирифтаро ба дигар сокинони ҷомеа омӯзонанд.

Иштирокчиёни машварат ҳамчунин бо фаъолияти  озмоишгоҳи филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар вилояти Суғд шинос  гардиданд.

Машварат дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи минтақавии «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор барои безараргардонии мероси уранӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардида, онро Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ менамояд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 27, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд
Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд