Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 22 феврал дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда шуда, баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад. 21 феврал бориши борон дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 21 феврал дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония ва 21 феврал дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм ва 21 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 13+18 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм ва 21 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 21 феврал дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония ва 20-21 феврал дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, 21-22 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, 21 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 2+7 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 21 феврал дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония ва 21 феврал дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, 21 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм ва 21 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 2+7 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзонаи 21 феврал дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






