Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 декабри соли 2025 дар Тоҷикистон шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 179 ҳазору 818 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 45 ҳазору 254 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4 ҳазору 708 нафар зиёд аст Дар ин хусус Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки дастрасии занон ба қарзҳои хурди бонкӣ 1 миллиону 394 ҳазору 697 нафарро бо маблағи умумии 7 миллиону 55 ҳазору 965,8 сомонӣ ташкил дод. Ин нисбат ба соли 2024 (1 миллиону 93 ҳазору 226 нафар) 30 ҳазору 147 нафар зиёд мебошад.
Таъкид шуд, ки афзоиши иштироки занон дар фаъолияти соҳибкорӣ ва роҳбарии хоҷагиҳо аз тадбирҳои пайгиронаи давлат барои дастгирии занон шаҳодат медиҳад.
Дар шароити муосири рушди деҳот ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши занон дар идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ давра ба давра боло меравад. Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон ҳамчун роҳбарони фаъоли хоҷагиҳо, ташаббускорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат фаъолият доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, солҳои охир шумораи заноне, ки роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба зимма мегиранд, меафзояд. Соҳибкорзанон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, нонпазию қаннодӣ, сайёҳӣ ва сохтмон фаъолияти пурсамар намуда, на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, балки дар рушди иқтисодиёти мамлакат низ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар баробари ин соҳибкорзанон ҷойи нави кор таъсис дода, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат менамоянд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






