Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд
ВАРЗОБ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва роҳбарияту ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои ҳудуди деҳаи Шодоби Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб навъҳои гуногуни дарахтони ҳамешасабзу ороишии арча ва ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.
Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои ҳудуди деҳоти Шодоби Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар масоҳати зиёда аз 15,5 гектар навъҳои гуногуни дарахтони ҳамешасабзу ороишии арча ва ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили олу, олуча, гелос, ки шумораашон беш аз 15 ҳазор бехро ташкил медиҳад, бо риояи талаботи агрономӣ шинонида шуд. Ин мавзеъ дар оянда ҳамчун боғи намунавӣ муаррифӣ мегардад.
Ба хотири сабзиши ниҳолҳои шинонида бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мавзеъ 3 зарфи 25-тоннагӣ ва 1 зарфи 5-тоннагии захиракунандаи об гузошта шуда, инчунин барои таъмин намудани ниҳолҳо бо оби полезӣ 40 ҳазор метр қубурҳои қутрашон гуногун насб гардиданд. Нигоҳубинкунандагони ин боғ метавонанд дар ҳама ҳолат барои сабзиши дарахтон аз ин об самаранок истифода намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






