Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад

Февраль 22, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 3 гектар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи нав бунёд мегардад. Дар ин боғ 600 бех ниҳоли зардолу шинонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, боғи нав дар оянда ҳамчун майдони таҷрибавӣ барои омӯзиши фанҳои марбут ба боғдорӣ, агротехника, ҳифзи растаниҳо ва идоракунии истеҳсолот хизмат менамояд.

Пеш аз шинонидани ниҳолҳо корҳои омодасозии замин, аз ҷумла шудгор, ҳамворсозӣ, таъмини системаи обёрӣ ва ворид намудани нуриҳои органикӣ анҷом дода шуданд. Ин тадбирҳо барои таъмин намудани нашъунамои босифати ниҳолҳо ва ҳосилнокии баланд дар солҳои минбаъда заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ин иқдом ба беҳтар гардидани муҳити зист ва сабзгардонии ҳудуди муассиса мусоидат намуда, дар оянда метавонад ба манбаи иловагии даромад барои литсей табдил ёбад. Ҳосили бадастомада на танҳо барои таъмини эҳтиёҷоти дохилии муассиса, балки барои пешниҳоди маҳсулоти босифат ба бозор низ равона карда хоҳад шуд.

Дар шароити афзоиши талабот ба маҳсулоти ватанӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таъсиси боғҳои нав ва истифодаи самараноки замин аҳамияти хосса пайдо мекунад. Ноҳияи Ашт яке аз минтақаҳои аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, боғдорӣ ва парвариши меваҳои донакдор, бахусус зардолу дар ин минтақа мавқеи хос дорад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид