ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз ду ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси вилоят бо сокинону масъулони ноҳия вохӯрда, ин амали хайрро қадами устувор дар сатми беҳдошти муҳити зист ва сарсабзу хуррам намудани ноҳия, дар маҷмуъ ба «кишвари сабз» табдил додани мамлакат арзёбӣ намуд. Инчунин масъулони сохторҳои дахлдор даъват шуданд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонидаро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, то онҳо хуб нашъунамо ёбанд.
Бояд гуфт, ки дар мавсими ниҳолшинонии соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ дар 41 гектар ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида мешавад. Маъракаи ниҳолшинонӣ рӯзҳои наздик дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2024 санади муҳим — «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд. Дар доираи амалишавии ин барнома, дар муддати 14 соли оянда дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад.
Тавре аз Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд, дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шафати роҳҳои мошингарди мамлакат беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида, дар канори роҳҳо «камарбанди сабз» таъсис дода мешавад.
Соли 2025 дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд, ки 107 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Новобаста ба гармии тоқатфарсои тобистони соли 2025 аз маҷмуи умумии ниҳоли дарахтони шинонида қариб 70 фоизаш нашъунамо ва сабзиши хуб дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






