Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд

Февраль 27, 2026 08:56

ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дар доираи сафар ба вилояти Свердловски Федератсияи Русия мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори ин муассисаи таҳсилоти олӣ Яков Силин баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба омода кардани мутахассисони баландихтисос ва ба роҳ мондани таҷрибаомӯзӣ барои шаҳрвандони тоҷик табодули афкор намуданд. Ҳамзамон зимни суҳбат масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо матраҳ гардид.

Пас аз анҷоми мулоқот бо ректор суҳбати сафир бо донишҷӯён, ҷавонон, роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон ва диаспораҳои ҳавзаи федералии Урал доир гардид. Роҳбари намояндагии дипломатӣ мақсади вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳо ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули худшиносии миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳангию миллӣ ва пешгирии таъсири унсурҳои бегона таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи таъмини амнияти миллӣ ҳамчун яке аз самтҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иброз гардид, ки амнияти миллӣ омили асосии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат маҳсуб мешавад. Татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  имкон медиҳад, ки соли 2026 ба марҳилаи нави амалисозии ормонҳои миллӣ, густариши корҳои ободонӣ ва таҳкими худшиносии мардум табдил ёфта, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои шоиста истиқбол карда шавад.

Инчунин сафир доир ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар ҷумҳурӣ  сухан гуфт. Ҳадафи он таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ мебошад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат маҳсуб мешавад. Ин ташаббус ба гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рушди устувори мамлакат дар солҳои наздик равона шудааст. Таъкид  шуд, ки рушди инноватсия ва технологиҳои рақамӣ барои Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим буда, метавонад дар оянда ба рушди устувор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.

Сафир ба ҳозирин гуфт, ки Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) масъулияти шаҳрвандони мамлакатро дар татбиқи ин ҳадафҳо дучанд мегардонад. Барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳамватанони бурунмарзӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои созандагию бунёдкории деҳоташон саҳми муносиб гузоранд. Таъкид шуд, ки баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи интизоми меҳнат ва истифодаи босамари имконияти мавҷуда барои амалӣ намудани ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аҳамияти хос дорад. Аз ин рӯ ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар иҷрои барномаҳои давлатӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумат саҳм гузорад.

Сафир вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар кишвари иқомат мавриди муҳокима қарор дода, аз роҳбарони ташкилоти ҷамъиятиву фарҳангӣ даъват ба амал овард, ки бештар бо нишон додани симои аҳли зиё ходимони илму фарҳанг ва баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ҳувияти миллиро дар расонаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ намоянд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода инчунин  оид ба арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва гиромидошти ҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, ибрози ақида намуд. Гуфта шуд, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз ва Кохи тамаддуни ориёӣ дар маркази пойтахт — шаҳри Душанбе далели равшани таваҷҷуҳи амиқи Сарвари давлат ба ҳифз ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ба донишҷӯёни тоҷик таъкид карда шуд, ки бояд дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва таҳкими фазои солими маънавӣ дар ҷомеа, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, аз байн бурдани ҷаҳлу хурофот, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ саҳм гузоранд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат  дар даврони Истиқлоли давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва ташкилию ниҳодиро барои муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам оварда, якчанд қонун ва стратегияҳои муҳимро қабул ва татбиқ намуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, аз ҷумла ба масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар пурсишҳо посух гирифтанд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Февраль 27, 2026 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд