Форуми ОИҲ: назари нави МегаФон Тоҷикистон ба HR ва идоракунӣ
ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-солагӣ МегаФон Тоҷикистон нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунии “Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат” (ОИҲ)-ро баргузор хоҳад кард. Чорабинии бомиқёси байналмилалӣ намояндагони ширкатҳои пешбари Тоҷикистон ва брендҳои ҷаҳонии дар кишвари мо фаъолияткунандаро ба ҳам меорад. Форум 14 феврали соли 2026 дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ – 10:00.
Мавзуи асосии форум – идоракунии сармояи одамӣ, рушди бренди HR, баландбардории фарҳанги корпоративӣ ва такмили HR-таҷрибаҳои муосир аст, ки имрӯзҳо такондиҳандаи асосии рушди устувори тиҷорат ба шумор мераванд. Форум имкон медиҳад, ки дарки системавии нақши HR ҳамчун функсияи стратегии тиҷорат ташаккул дода шуда, ҷузъҳои калидии EVP ва хусусияти фарқкунандаи корфармо муайян карда шаванд.
Меҳмононро барномаи рангини якрӯзаи иборат аз муҳокимаҳои коршиносон, баррасии кейсҳои амалӣ, таҳлили бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконият барои нетворкинги касбӣ интизор аст. Дар чаҳорчӯбаи форум иштирокчиён барои гузаронидани озмоиши бренди HR, баҳогузории хавфҳо, гирифтани маълумот доир ба тарзи баҳогузорӣ шудани номзадҳо аз ҷониби корфармоён ва дар натиҷа дастрас намудани нақшаи рушди HR-функсияҳо бо амалҳои пайдарпай барои се моҳи наздик ва тамоми соли 2026 имконият хоҳанд дошт.
“Калимаи “одамон” дар номи форум тасодуфан оварда нашудааст. Маҳз одамон – кормандон ва мизоҷон дороии аз ҳама муҳим ва арзишманди дилхоҳ ташкилот маҳсуб мешаванд. Итминон дорам, ки омӯзиши таҷрибаҳои беҳтарини идоракунӣ ва тамоюлҳои нав дар бренди HR ҳам барои тиҷорат ва ҳам барои намояндагони муассисаҳои давлатӣ муфид хоҳад хоҳад буд. Форуми ОИҲ – ин вақт ва макони равонасозии диққати асосӣ ба соли 2026 аст. Зимни он роҳу воситаҳои таҳкими мавқеъҳои пешсафӣ, ташкилкунии командаҳои пурзӯр, баландбардории самаранокии ташкилот ва роҳҳои омодашавӣ ба мушкилиҳои бозори меҳнат ба таври дақиқ фаҳмида, дарк карда мешаванд”, — мегӯяд Анна Жданова, директор оид ба ҳайати кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Чиптаҳои форум дар замимаи “МегаФон Life” бо нархи 210 сомонӣ ва дар сомонаи echipta.tj (бо нархи 300 сомонӣ) дастрас мебошанд.
Баромадкунандагони форум:
Максим Кузмин, роҳбари лоиҳаҳо оид ба тадқиқоти Happy Job (Русия);
Роман Шеховтсов, шарики стратегии employer-агентии брендингии makelove (Русия);
Анна Шилникова, роҳбари самти шарикии iSpring (Русия);
Анна Жданова, директор оид ба ҳайати кормандони МегаФон Тоҷикистон;
Акмалҷон Файзуллоев, директори генералӣ ва ҳаммуассиси Yora (Тоҷикистон);
Афсона Ниёзмамадова, роҳбари бахш оид ба омӯзиш ва рушди кормандони Алиф Бонк (Тоҷикистон).
Барандаи форум — Элмира Замалиева, роҳбари самти кор бо ҳайати кормандони Yandex Crowd.
Шарикони байналмилалии форум: Happy Job, iSpring.
Шарики стратегӣ: Yora.
Шарик: Ҳумо.
Ба форуми ОИҲ ҳамроҳ шавед ва дар муколамаи касбӣ оид ба ояндаи идоракунӣ ва HR дар Тоҷикистон иштирок намоед!
Маълумоти муфассал оид ба форум бо суроғаи: lid.megafon.tj








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






