«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ хабар медиҳад, дар озмун 57 довталаб иштирок дошта, аз рӯйи номинатсияҳо тибқи талаботи низомномаи озмун ҳунару маҳораташонро ба намоиш гузоштанд. Даври муассисавии озмун идома дошта, рӯзҳои наздик натиҷагирӣ карда мешавад.
Зимни ифтитоҳи озмун иқдоми арзишманду таърихии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни ҳама қишрҳои ҷомеа ва дастгирию ҳавасмандгардонии ғолибон таъкид карда шуд.
Иброз гардид, ки маҳз бо ташаббус ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ фарҳанги китобхонӣ байни ҷавонон густариш ёфта, ба ин восита аҳли ҷомеа ба омӯзиши китобҳои бадеию донишҳои муосир ҷалб карда шуд.
АКС: Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова








Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






