Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд

Февраль 7, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи доварон аз Тоҷикистон ба бозии аввали даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйинот гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло довари марказии бозии байни дастаҳои «Ал-Завраа» (Ироқ) ва «Ал-Васл» (АМА) таъйин шуд, ки 10 феврал баргузор мешавад.

Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов ёвари довар интихоб карда шуданд.

Довари ФИФА Насрулло Кабиров довари чорум мешавад.

Фирдавс Норсафаров аз Узбекистон довари VAR ва Абдулло Давлатов аз Тоҷикистон ёвари VAR хоҳанд буд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 7, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад