НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба соли 2024 138 ҳолат кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ин шумора вобаста ба 1268 ҳолат ҷазо таъйин гардида, 29 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ карда шуд. Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 7 миллиону 028 ҳазору 808 сомонӣ рӯёнида шуд.
Иброз гардид, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ 112 ҳазору 946 маърака ва маросим ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024 1907 маъракаю маросим кам мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, шарҳу тавзеҳи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, риояи меъёрҳои муқарраргардидаи қонун ва таъмини иҷрои якхелаи он дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 11 ҳазору 694 суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






