Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа гарм ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






