Имрӯз дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 9, 2026 07:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ва филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ соати 08:00 (собиқ бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ) баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ соати 09:00 (собиқ бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ) доир мегардад.

Дар Донишгоҳи миллӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Агентии омор соати 11:00 доир мегардад.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб соати 08:00, ноҳияи Файзобод соати 09:00, дар шаҳри Турсунзода ва дар шаҳри Ваҳдат соати 10:00, дар ноҳияи Рӯдакӣ соати 11:00, дар ноҳияи Шаҳринав соати 14:00 нишастҳои матбуотӣ баргузор карда мешаванд.

Нишастҳои матбуотӣ дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ соати 08:00, дар филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур соати 09:00 ва дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва соати 10:00 доир мегарданд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Февраль 9, 2026 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд