Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи инноватсионии Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 10:00 доир мегардад.
Дар Бонки миллӣ нишасти матбуоти соати 10:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 11:00 доир мегардад.
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 (хиёбони Рӯдакӣ, 40, собиқ бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ) баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи инноватсионӣ соати 14:00 (кӯчаи Баҳовуддинов, 32Б, рӯ ба рӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, шафати Мактаби Ҳоризонт) доир мегардад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






