МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Навдаҳои зиёдатии дарахтонро бояд охири зимистон ва аввали баҳор бурид

Февраль 15, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Буриши дарахтон вобаста ба шароити маҳал, намуд ва сол охири фасли тирамоҳ, зимистон ва аввали баҳор гузаронида мешавад. Дар охири фасли зимистон ва аввали баҳор бо такя ба рӯзҳои сард дарахтони биҳӣ, олуболу, гелос, зардолу, бодом ва шафтолуро  буридан беҳтар аст. Чунин тавсия медиҳанд олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба боғпарварони мамлакат.

Ҳамасола барои беҳбуди нашъунамои дарахтон, ҳосилнокӣ ва зебоии муҳити атроф вобаста ба мавсим башаклдарорӣ ва буриши дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ гузаронида мешавад. Башаклдарорӣ ва буриши шохаҳои дарахтон яке аз омилҳои муҳими нигоҳубини ниҳолҳо ва дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ мебошад, ки ин раванд ба беҳбудию нашъунамо, ҳосилнокӣ ва зебоии муҳити  атроф мусоидат мекунад.

Буридани дарахтон дар рӯзҳои сарди зимистон, ки агар ҳарорат аз 5 дараҷа поин бошад, инчунин дарахтони донакдорро ҳангоми ҳавои хунук, намнок ва тира, ки сабаби шилмбарори онҳо мегардад, тавсия дода намешавад. Баъди оғози мавсими сабзиш буридан рушди дарахтонро суст мегардонад ва дар боғҳои навбунёд ҳатто сабаби хушкшавии ниҳолҳо мегардад.

Дар вақти буридан дар танаи дарахтон ҷароҳат боқӣ мемонад. Барои беҳтар сабзида, маҳкам шудани ҷароҳатҳо ба воситаи теғи тез ё  қайчии дарахтбурӣ рӯяшро тарошида, тоза карда, пас ба болояш хамираи боғӣ молидан тавсия дода мешавад. Инчунин истифодаи петролатумро низ маслиҳат медиҳанд.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар соҳаи боғдорӣ усули ҳалқабурӣ мавҷуд аст. Ин усул бо паҳноии 1 сентиметр дар гирди ҷойи бурида гирифтани пӯсти тана ё навдаҳои асосии дарахтон иҷро карда мешавад.

Олимони соҳаи кишоварзӣ таъкид менамоянд, ки ин усулро баъзан барои тезонидани ҳолати ба ҳосил даромадани дарахтони ҷавон низ истифода мекунанд. Ҳалқабуриро баъди 20-30  рӯзи гулкунӣ иҷро мекунанд. Барои хубтар сиҳат шудани ҷойи буридаи дарахт ба болояш хамираи боғӣ мемоланд ё бо пардаи синтетикию полиэтиленӣ печонида, маҳкам мекунанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд