Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад

Февраль 6, 2026 08:20

ДУШАНБЕ, 06.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026» аз 28 январи соли 2026 ба Вазорати маориф ва илми мамлакат чунин супориш дода шудааст: «бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта, ҷиҳати муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ таклифу пешниҳодҳои худро манзур намояд».

Ин масъала дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад. АМИТ «Ховар» тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик аз натиҷаи ин омузиш барои хонандагони сомона маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2008 таъсис ёфт. Ҳадафи таъсиси ин марказ аз ҷорӣ намудани низоми нави қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат иборат буд. Зеро низоми қаблии қабули донишҷӯён куҳна гардида, дар муқоиса бо тамоюлоти пешрафтаи ҷаҳонӣ ба таҷдиду ислоҳот ниёз дошт. Ҷорӣ намудани чунин низом бояд ба таъмини шаффофият, адолат, баробарҳуқуқӣ ва дастрасии баробар дар асоси донишу қобилият барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар тамоми гӯшаву канори кишвар мусоидат менамуд.

Баъдан, 10 — уми феврали соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ин марказ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Фаъолияти ин марказ, пеш аз ҳама, ба ташкилу гузарондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Мақсадҳои асосии оинномавии ин марказ таъмини арзёбии объективӣ, шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, гузаронидани пажуҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тестгузаронӣ ва ғайраҳо мебошад.

Мувофиқи рӯйхати мансабҳои барои соли 2025-ум тасдиқгардида, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маъмурият ва 26 воҳиди сохторӣ, аз ҷумла 5 раёсат, 3 шуъба ва 18 бахш иборат аст. Аз 18 бахш 7-тоаш бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара ва Рашт мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 6, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд