Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар пойтахти Федератсияи Русия — шаҳри Москва ҷаласаи панҷуми раисони кумитаҳои парлумонии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният баргузор гардид.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласа ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба вазъи низомию сиёсии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин афзалиятҳои раёсати Федератсияи Русия дар доираи ин созмон барои соли 2026 муҳокима гардиданд.
Дар ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба тақвияти муколама бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои сеюм барои ҳифзи сулҳу субот, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин таъмини ҳифзи равандҳои интихоботӣ аз дахолати беруна зоҳир карда шуд.
Дар ҷараёни муҳокима аҳамияти истифодаи имкониятҳои дипломатияи парлумонӣ ҳамчун абзори муассири ҳифзи манфиатҳои муштарак дар арсаи байналмилалӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ба суботи минтақавӣ таъкид гардид.
Пас аз анҷоми ҷаласа иштирокчиён бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров вохӯрӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд






