НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз шумораи 10 миллиону 200 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 67,3 фоиз ё ин ки 7 миллиону 6 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокии мутамарказонида таъмин гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дар маҷмуъ 67,3 фоизро ташкил медиҳад. Он дар маркази шаҳру ноҳияҳо 90,7 фоиз ва дар деҳот 57,8 фоизро дар бар мегирад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъминоти оби нӯшокиро ба 831 миллион метри мукааб расонида, хизматрасонии обҳои партовро ба андозаи 25 миллиону 500 метри мукааб иҷро намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7 миллиону 731 метри мукааб зиёд мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






