НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст

Февраль 2, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2025 аз шумораи 10 миллиону 200 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 67,3 фоиз ё ин ки 7 миллиону 6 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокии мутамарказонида таъмин гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дар маҷмуъ 67,3 фоизро ташкил медиҳад. Он дар маркази шаҳру ноҳияҳо 90,7 фоиз ва дар деҳот 57,8 фоизро дар бар мегирад.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъминоти оби нӯшокиро ба 831 миллион метри мукааб расонида, хизматрасонии обҳои партовро ба андозаи 25 миллиону 500 метри мукааб иҷро намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   7 миллиону 731 метри мукааб зиёд мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид