НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ нахустин маротиба ду Шурои диссертатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 нахустин маротиба дар таърихи донишгоҳ ду Шурои диссертатсионӣ аз рӯи самтҳои биология ва филология барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар назди донишгоҳ таъсис дода шуд, ки дастоварди муҳимтарин маҳсуб мешавад. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Амид Комилбек зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 8 омузгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмӣ гардид. Маҷаллаи илмии донишгоҳ «Паёми Донишгоҳи давлатии Хоруғ» аз рӯи равияи илмҳои гуманитарӣ ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
«Барои таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор аз рӯи равияҳои омузгорӣ 9 нафар ба Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара, 14 нафар ба ноҳияи Рашт ва 8 нафар ба муассисаҳои томактабии ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ равон карда шуданд»,-иброз намуд Амид Комилбек.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2025 донишгоҳ ҳамчунин аз аттестатсияи давлатӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, муваффақона гузашта, соҳиби иҷозатномаи нав гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






