НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ соли охир дар шаҳри Душанбе беш аз 1287 иншоот аз ҳисоби ҳама манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 28,3 миллиард сомонӣ сохта шуда, ба фондҳои асосӣ супорида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар нуҳ соли охир беш аз 4,1 миллион метри мураббаъ иншооти маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нуҳ моҳи соли 2024 3,6 маротиба зиёд мебошад.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе иброз намуд, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба беш аз 8,3 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 31,3 фоиз зиёд мебошад.
«Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 3,3 миллиард сомонӣ ё 40 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 4,6 миллиард сомонӣ ё 55 фоиз ба маблағгузориҳои бахши хусусӣ ва 444 миллион сомонӣ ё 5 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд», — афзуд Бахтиёр Шарифӣ.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар шаҳри Душанбе дар айни замон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, меҳмонхонаҳо, иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ, корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва роҳҳои мошингарди ду-се қабата (эстакадаҳо) идома дорад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд






