НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Февраль 3, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 оид ба бунёди 800 муассиса дар маҳаллаҳои аҳолинишине, ки беш аз 100 оила зиндагӣ мекунад, дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Дар посух ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси  ноҳияи Шоҳмансур  Сафар Олимзода гуфт, ки дар айни замон дар ҳудуди ноҳия сохтмони 22 муассисаи томактабӣ ва 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад.

«Соҳаи маориф яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, барои рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир амалӣ мегарданд», -иброз намуд Сафар Олимзода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия дар айни замон 30 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 21 маркази инкишофи кӯдак фаъолият доранд. 11 адади он буҷавӣ буда, 5389 тарбиятгиранда ва 291  мураббияро фаро мегирад.

Зимни нишасти матбуотӣ таъкид карда шуд, ки дар соли таҳсили 2024-2025  963 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар 14 олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. 234 нафари онҳо ғолиб дониста шуда, сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид