НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 09.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Дар ин хусус директори ин марказ Хайриддин Усмонзода 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки таҳким бахшидани ин ҳамкорӣ таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, заминаи рушди минбаъдаи иқтидори илмии онҳоро фароҳам месозад.
Иттилоъ дода шуд, ки марказ бо марказҳои илмии таҳқиқотии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Эрон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар давлатҳо ҳамкории самарабахш дорад.
Гуфта шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маркази таҳлилии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Форуми Созмони ҳамкории Шанхай, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, Маркази Созмони Милали Муттаҳид доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Ҳамчунин соли 2025 Марказ ба платформаҳои нави ҳамкории марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Халиҷ ва Иёлоти Мутаҳидаи Амрико пайваст.
Дар ҷараёни нишаст иброз шуд, ки соли 2025 марказ дар 29 шаҳру ноҳия бо иштироки 10 ҳазор аҳолӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия пурсиши сотсиологӣ анҷом дод. Натиҷаи ҳисоботи ниҳоӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод карда шуд. Инчунин дар робита ба масъалаҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Хатлон таҳқиқоти саҳроӣ анҷом дода шуд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






