НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили қонунгузории марбут ба ҳуқуқи кӯдак, бахусус бо назардошти принсипи манфиатҳои беҳтарини кӯдак пайваста тадбир меандешад. Соли 2025 ба моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он ҳама гуна таҳдид ва зӯроварӣ нисбат ба кӯдак манъ аст. Дар ин хусус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Умед Бобозода гуфт, ки соли 2024 бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар назди мақомот гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба танзими тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳо ба манфиати кӯдакон равона гардид. Ин тартиб қабул гардида, ба дигар вазорату идораҳо низ барои татбиқ тавсия дода шуд.
Дар ин замина зарурати ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ ба миён омада, ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» тағйироте ворид карда шуданд, ки мустақиман ба ҳуқуқи кӯдак барои озодона изҳор намудани ақидаи худ ва муроҷиат намудан дахл доранд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ шарҳ дода шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» яке аз қонунҳои бештар такмилёбанда ба ҳисоб меравад. Танҳо соли 2025 ба ин қонун се тағйирот ворид карда шуд.
Таъкид шуд, ки ин тағйирот, пеш аз ҳама, ба ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим ва кӯдакони маъюб равона гардида, инчунин дар он тағйироти ҷиддӣ марбут ба пешгирии зарари иттилоот ба саломатӣ ва рушди кӯдак пешбинӣ карда шудаанд.
«Дар қонун моддаи махсус пешниҳод гардидааст, ки барои ҳамкории тамоми ҷонибҳои манфиатдор бобати пешгирии паҳншавии иттилооте, ки ба саломатӣ, рушд ва некӯаҳволии кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад», – баён гардид дар нишасти матбуотӣ.
Бояд гуфт, ки фаъолияти механизмҳои миллӣ ё субъектони ҳифзи ҳуқуқи кӯдак сол то сол таҳким ёфта, ба татбиқи сиёсати давлатӣ, муқаррароти қонунгузорӣ, амалисозии барномаҳои стратегӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва дар маҷмуъ ба ҳалли мушкилот дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мусоидат менамоянд. Дар ин робита дар мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ сохторҳои алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолият ва доираи салоҳияту ваколатҳои онҳо тасдиқ гардидаанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид






