НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
ШАҲРИНАВ, 10.02.2026./АМИТ «Ховар»/. «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025» бо маблағи 382,3 миллион сомонӣ 190 лоиҳаро дар бар мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ азхудкунии маблағҳои ин барнома 298,1 миллион сомонӣ буда, амалишавии барнома 78 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳринав ба 908 миллиону 894,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 66 миллиону 159,4 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати рушди он 107,9 фоизро ташкил медиҳад.
Тавре дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва 13 маротиба гузаронидани намоиши ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод 947 корҷӯй бо ҷойи кор таъмин гардид.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






