НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод

Февраль 13, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 5 миллиарду 682,0 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   1 миллиарду 4,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории пардохти нафақа ба андозаи 5 миллиарду 162,2 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2024    869 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 шумораи умумии нафақагирон 877 ҳазору 206 нафарро ташкил дод.  Шумораи умумии нафақагирони маъюб 172 ҳазору 538 ҳазор нафар мебошад. Аз ҷумла,

— гурӯҳи якум – 18 ҳазору 422 нафар;

— гурӯҳи дуюм – 85 ҳазору 221 нафар;

— гурӯҳи сеюм – 33 ҳазору 514 нафар;

— маъюбони аз синни кӯдакӣ то 18-солагӣ- 25 ҳазору 381;

— шумораи кӯдакони ятими кулл – 1082 нафар;

— шумораи кӯдакони нимятим – 72 ҳазору 205 нафар;

— шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон  – 13 нафар;

— шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ – 79 нафар.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешавад. Дар ин модда омадааст, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид