НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 олимони тоҷик аз рӯйи 110 мавзуъ таҳқиқот гузарониданд
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ таҳқиқотро идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии академия беш аз 2600 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 80 монография, беш аз 156 китобу маҷмуаи илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог ва беш аз 2400 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шуд
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи олимони академия 7 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 патенти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 2 патенти АвруОсиё барои ихтироъ, 12 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, 3 шаҳодатнома барои ихтироъ, 7 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 3 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






