НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?

Февраль 2, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 138 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо ошкору муайян карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 19 фоиз ё 22 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Соли 2025 инчунин фаъолияти 44 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 88 нафар ошкор ва қатъ карда шуд.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаю 280 килограмм маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 898 килою 835 грамм ё 21 фоиз зиёд мебошад.

Самад Зафар иброз намуд, ки соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 253 килою 417 грамм моддаҳои психотропӣ мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 142 килограмм ё 2 маротиба зиёд мебошад. Аз ин миқдор 247 килограмм ё 97 фоизи онро метамфетамин ташкил додааст. Ҳаҷми метамфетамини соли 2025 мусодирашуда дар таносуб ба соли 2024 2,3 маротиба ё 141 килограмм зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 28 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат корӣ таваҷҷуҳи зиёд ба масоили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бахусус навъҳои синтетикӣ ва психотропии он, зоҳир гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид