«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд

Февраль 16, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe бо ташаббуси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Форуми бомиқёси «Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат», баргузор гардид. Чорабинӣ ба майдоне табдил ёфт, ки намояндагони тиҷорат, иттиҳодҳои захираҳои инсонӣ (HR), роҳбарони дастаҳо ва идоракунандагонро муттаҳид сохт.

«Сармоягузорӣ ба кормандони мо, рушди салоҳияти касбӣ ва идоракунии онҳо яке аз авлавияти стратегии ширкати мост. Итминон дорам, таҷрибае, ки мо давоми муддати тӯлонӣ ҷамъ овардаем, барои иштирокчиёни форум муфид буд. Имсол ба оғози фаъолияти МегаФон Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Форуми баргузоршуда ба мо имкон дод, ки иттиҳодҳои касбиро муттаҳид карда, самтҳои муҳимтарин ва асосии рушди таҷрибаҳои идоракуниро дар ҷумҳурӣ муайян созем», — таъкид намуд Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон».

Форуми «Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат» ба масъалаҳои идоракунии сармояи инсонӣ, рушди бренди HR, фарҳанги корпоративӣ ва тарзҳои амали муосири марбут ба HR бахшида шуда буд. Диққати алоҳида ба нақши HR ҳамчун ҳаракатдиҳандаи рушди бизнес ва ташаккули пешниҳоди арзишии корфармо (EVP) зоҳир карда шуд. Давоми рӯз иштирокчиён таҷрибаи ширкатҳои пешбар ва коршиносони соҳаи HR-ро дар Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мавриди омӯзиш қарор дода, бо кейсу стратегияҳои ширкатҳои дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ фаъолияткунанда шиносоӣ пайдо намуданд. Русияро чунин суханварон, ба монанди Максим Кузмин (HappyJob), Роман Шеховтсов (employer-агентии брендингии makelove) ва Анна Шилникова (iSpring) муаррифӣ намуданд.

«Бренди қавии HR имрӯзҳо ба устувории тиҷорат, эътимоди бозор ва қобилияти ширкатҳо барои ҷалб ва нигоҳдории истеъдодҳо таъсири мустақим мерасонад. Дар форум мо оид ба тарзи амали системавӣ дар ҷодаи идоракунии ҳайати кормандон ва доир ба он, ки HR ҳамчун шарики стратегии тиҷоратӣ кадом корҳоро анҷом медиҳад, маълумот расонидем», — мегӯяд директор оид ба ҳайати кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анна Жданова.

Иштирокчиён дар бораи воситаҳои амалӣ барои рушди вазифаҳои захираҳои инсонӣ (HR) маълумоти арзишманд ба даст оварданд. Онҳо инчунин тавонистанд санҷиши бренди HR-ро анҷом дода, таъсири онро ба устувории ширкат дар оянда таҳлил намоянд ва бо хавфҳои эҳтимолӣ шинос шаванд ва нақшаи муфассалро барои рушди минбаъдаи самтҳои захираҳои инсонӣ тартиб диҳанд.

Шарикони байналмилалии форум – HappyJob ва iSpring, шарики расмӣ – «Yora», шарики стратегӣ – «Ҳумо». Маълумоти бештарро доир ба он, ки нахустин форуми ОИҲ чӣ гуна баргузор шуд, метавонед дар сомонаи лоиҳа — lid.megafon.tj пайдо намоед.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Февраль 16, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд