ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад

Февраль 5, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борону барф ва пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, доманакӯҳҳои вилояти Хатлон ва водиҳо бориши борон ва барф пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ барф меборад.

Дар шоҳроҳҳои нақлиётгарди кӯҳӣ бориши бошиддати барф дар назар буда, барфи бодовард, бадшавии дурии биниш пешгӯӣ шуда, фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ ва кӯҳии мамлакат ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад.

Имрӯз дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Чанок (километрҳои 48–74), бахусус минтақаҳои тармафарои Майхура, Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Бо сабаби вазъи номусоиди обу ҳаво ба шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётӣ тавсия дода мешавад, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд. Ба масъулони соҳаҳои роҳу нақлиёт тавсия дода мешавад, ки дар ин маврид тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар вилояти Хатлон 6 феврал бориши борон ва барф дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. 7-9 феврал ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

6 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд бориши барф дар назар аст.  8 феврал ҳавои бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. 8-9 феврал ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

6 феврал дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши борон ва барф дар назар буда, 7-8 феврал ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, 9 феврал ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 феврал бориши  борон ва барф дар назар аст. 7- 9 феврал ҳавои бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа мешавад.

АКС: Dushanbe-travel

Февраль 5, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд