ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад

Февраль 20, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бозии финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2026 байни дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор  ва «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши   АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозӣ барои ҷойи сеюм байни  дастаҳои  футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад. Бозиҳои марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2026 дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  чанд рӯз пеш ба анҷом расиданд. Дар натиҷа дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор  ва «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ  ба  финали мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа  дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор  бо ҳисоби 2 бар 0  дастаи футболи «Ҳосилот»-и  ноҳияи Фархоро мағлуб кард. Дуби Рамин аз ҳайати дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор  голҳоро ба нишон расонид. Дастаҳои футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 бозӣ карданд ва дар силсилазарбаҳои пеналтӣ  дастаи  футболи  «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ  бо ҳисоби 6 бар 5 ғалаба намуд.

Ёдовар мешавем, ки фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 000 сомонӣ аст. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 20, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт