РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) эътироф шудааст. Ҳадаф аз он тарғиби мутолиаи китоб дар байни наврасон, китобхон намудани ҷомеа ва ба ин васила аз вартаи ноогоҳӣ раҳонидани онҳо мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир аз соли 2019 инҷониб дар мамлакат бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад. Дар робита ба ин масъулон муваззаф гардидаанд, ки фаъолияти хуби китобхонаҳоро дар мақомот, ташкилот, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳти назорат гиранд. Дар ин самт пеш аз ҳама фароҳам овардани заминаи боэътимоди меъёрии ҳуқуқии фаъолияти китобхонаҳо, аз ҷумла фаъолияти инноватсионӣ-методии онҳо аз масъалаҳои муҳими назариявии китобхонашиносии муосир ба шумор меравад.
Мавриди таъкид аст, ки ба таҳқиқи мавзуи таъминоти меъёрии ҳуқуқии фаъолияти китобдорӣ, аз ҷумла таъминоти меъёрии ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳо олимону мутахассисони тоҷик, ба истиснои баъзе мақолаҳои илмӣ ҳанӯз ба қадри кофӣ таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд, ҳол он ки баррасии назариявии он ба такомули қонунгузории миллӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ мусоидат намуда, ба ин васила барои рушди соҳа тибқи стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ фазои мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам меояд.
Имрӯз заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низомномаҳо, оинномаҳо, дастурамалҳое, ки ҷанбаҳои алоҳидаи фаъолияти методии китбхонаҳоро танзим менамоянд, ташкил медиҳанд.
«Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» барои ташаккул, татбиқи амалию самарабахши сиёсати китобдорӣ дар мамлакат заминаи боз ҳам устувортари ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки онҳо ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошанд.
Дар санади мазкур ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандагони китобхонаҳо, вазифа ва ҳуқуқҳои китобхонаҳо, масъалаҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти онҳо, инчунин принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ муайян карда шудаанд.
Дар моддаи якуми қонуни мазкур – «Мафҳумҳои асосӣ» қайд гардидааст, ки «фаъолияти китобдорӣ — соҳаи фаъолияти иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва омӯзишие мебошад, ки ба вазифаҳои он таъсис ва инкишоф додани шабакаи китобхонаҳо, ташкилу такмили фонди онҳо, ба роҳ мондани хизматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхонаҳо ва таъминоти илмию методии рушди китобхонаҳо дохил мешавад».
Яъне дар қонуни мазкур таъминоти илмию методии рушди китобхонаҳо ба сифати яке аз вазифаҳои асосии соҳаи фаъолияти китобдорӣ арзёбӣ гардида, ҳамзамон алоқамандӣ ва вобастагии рушди китобхонаҳо аз масъалаи таъминоти илмию методӣ таъкид гардидааст.
Иҷрои муқаррароти қонуни мазкур барои тамоми зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону масъулони тамоми намуди китобхонаҳо, аз ҷумла ашхосе, ки ба таҳияи зерсандаҳои қонунгузорӣ, низомномаву оинномаҳо, дастурамалҳои вазифавию мансабӣ ва амсоли ин машғуланд, ҳатмӣ мебошад. Ба ибораи дигар, зимни тарҳрезии оинномаву низомномаи китобхонаҳо, дастурамалҳои вазифавии кормандони китобхонаҳо бояд муқаррароти қонун дар самти таъминоти меъёрии ҳуқуқии фаъолияти китобхонаҳо, аз ҷумла фаъолияти инноватсионӣ-методии онҳо аз мадди назар дур намонад. Дар моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» қайд гардидааст, ки «китобхонаи марказӣ вазифадор аст, ки дар ҳудуди барои хизматрасонӣ фарогирифтаи худ маҷмуи нисбатан умумии ҳуҷҷатҳоро ташкил намояд, ҳифз намояд ва ба истифодабарандаи китобхона пешниҳод намояд, истифодаи муштараки захираи китобхонаро созмон диҳад ва ба китобхонаҳо ёрии методӣ расонад». Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ваколат дода шудааст, ки ба китобхонаи умумии пешбар мақоми китобхонаи марказӣ диҳанд, ки вазифаи онҳоро дар сатҳи вилоят – китобхонаи вилоятӣ, дар шаҳрҳо – китобхонаи марказии шаҳрӣ ва дар ноҳияҳо китобхонаи марказии ноҳиявӣ иҷро мекунанд.
Бо назардошти муқаррароти моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар китобхона вобаста ба мақоми худ (сатҳи худ – вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ) бояд функсияи маркази методиро барои китобхонаҳои минтақа иҷро кунад ва муқаррароти вазифаи мазкур бояд дар оиннома ва низомномаи онҳо инъикос ёбад.
Бинобар ин, зинаи дигари ташаккулёбии заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳо мустақиман худи китобхонаҳо — марказҳои методӣ ба шумор рафта, мақсаду вазифаҳо, функсияҳо, самтҳо ва дигар мушаххасоти фаъолияти инноватсионӣ-методӣ асосан дар оинномаи онҳо, низомномаи сохторҳои дахлдори (марказҳо, шуъбаву бахшҳои методӣ, илмӣ-методӣ ё инноватсионӣ-методӣ) онҳо инъикос меёбанд.
Дар сархати 3-юми моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» омадааст, ки «Оиннома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти ташкилоти давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибати онҳоро бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд».
Масъалаи дигаре, ки дар самти фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳо таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамояд, ин тавассути механизмҳои ҳуқуқӣ баланд бардоштани нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти роҳбарӣ ва идоракунии соҳаи китобдорӣ мебошад. Масалан, дар қиёс ба санадҳои қонунгузории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки нақш ва ҷойгоҳи мақомоти номбурдаро дар соҳаи китобдорӣ муайян менамоянд, нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти мамлакат дар соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳо чандон назаррас нест. Зиёда аз ин зарурати мушаххасгардонии функсияи роҳбарикунандаи онҳо дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ тавассути механизмҳои ҳуқуқӣ кайҳо ба миён омадааст.
Дар моддаи 14-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», ки «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ» унвон дорад, иброз гардидааст, ки «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора ҳамоҳангсозии робитаҳои байниминтақавӣ ва байниидоравии хизматрасонии иттилоотию китобдорӣ, аз ҷумла иттилоотонии ҷомеаро ташкил мекунанд».
Аз ин бармеояд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар мавриди ошкор гардидан ё ошкор намудани таҷрибаи пешқадами хизматрасонии иттилоотию китобдорӣ, инчунин дастовардҳои инноватсионӣ-методӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ягон минтақаи Тоҷикистон муваззафанд, ки барои дастрас ва паҳн намудани он дар китобхонаҳои ҳудуди марзӣ-маъмурии худ тадбирҳои амалӣ андешанд. Албатта, ин вазифаро онҳо тавассути китобхонаи марказии шаҳрӣ ё ноҳиявӣ анҷом дода, ба ин васила дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ саҳм мегузоранд. Дар татбиқи ин вазифа мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо нисбат ба шаҳрҳо бояд бештар манфиатдор бошанд, зеро ноҳия (деҳот) нисбат ба шаҳр аз нигоҳи инфрасохтори иҷтимоӣ-фарҳангӣ имконияти маҳдудтар дорад ва ин норасоиро тавассути сиёсати фаъолонаи китобдорӣ-иттилоотӣ ҷуброн карда метавонад.
Зафари ШАРИФ,
директори Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон»








ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
Сангин Гулзод: «Фарҳанг сипари давлатдорӣ ва бунёди руҳи миллӣ аст»
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад






