Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ ибрози омодагӣ намуд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба дурнамои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар меҳвари мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ноиби президент — роҳбар ва масъули самти зеҳни сунъии Корпоратсияи «Microsoft» Наташа Крэмптон қарор гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мулоқот дар доираи Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» дар Ҳиндустон баргузор шуд. Шералӣ Кабир иброз намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ қабул гардид. Дар ин замина ҳамкорӣ бо корпоратсияи «Microsoft» барои таҳкими иқтидори миллӣ дар соҳаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ нақши калидӣ дорад.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои татбиқи инфрасохтори абрии гипермасштабшаванда ва таъсиси марказҳои маълумотӣ барои ҳисоббарориҳои зеҳни сунъӣ дар асоси платформаи «Azure» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар доираи татбиқи принсипҳои зеҳни сунъии масъул дар лоиҳаи махсуси «Area AI» ва амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ карда шуданд.
Наташа Крэмптон омодагии корпоратсияи «Microsoft»-ро барои густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушду татбиқи зеҳни сунъӣ иброз намуда, таъкид кард, ки ин ҳамкорӣ ба таҳкими имконияти рақамии мамлакат мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад






