Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҳунармандон ба ҳисоби миёна 110,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 8,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират, ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар ин давра шумораи ҳунармандони соҳаи истеҳсолӣ ба 20 ҳазору 901 нафар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 2247 нафар зиёд мебошад. Сабаби асосии афзоиши ёфтани шумораи ҳунармандон бақайдгирии расмии онҳо мебошанд.
Шумораи умумии ҳунармандони соҳаи истеҳсолӣ дар вилояти Суғд 16 ҳазору 114 нафар, дар Хатлон – 2487, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1648 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 417 ва дар шаҳри Душанбе 235 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026», ки бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва мусоидат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунарҳои дар ҳоли аз байн рафтан қарордошта қабул гардидааст, соли 2025 ба 20 ҳунарманд ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ грант ҷудо карда шуд.
Тибқи иттилои вазорат, соли 2025 дар 6 маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз рӯйи 20 касбу ихтисос омӯзиш ба роҳ монда шуда, 8002 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.
Омӯхтани ҳунар ва истифодаи он дар ҳаёт яке аз рисолатҳои аслии ҳар шахс маҳсуб шуда, моро вазифадор менамояд, ки дар омӯзиши ҳунар ва мерос гузоштани он ба наслҳои баъдӣ талош намоем.
Бояд гуфт, ки давоми чанд соли охир дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» доир мегардад, ки ҳадафи он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Ҳунармандӣ соҳае мебошад, ки дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, ба пешрафти ҷаҳонгардӣ мусоидат менамояд. Ин соҳаҳо бо ҳам алоқаманд буда, маҳсули дастранҷи ҳунармандон асосан ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ пешниҳод карда мешавад. Дар айни замон теъдоди ҳунармандон ва навъҳои маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо рӯз аз рӯз зиёд гашта, аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббус, дастгириҳо, дастуру ҳидоят ва супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд меёбад. Эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026- Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон ва сайёҳон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд






