Соли 2025 беш аз 8 миллион нусха китоби дарсӣ чоп гардид

Февраль 7, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 118 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 8 миллиону 51 ҳазор нусха аз озмуни чоп гузашта, аз ин шумора 95 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 6 миллиону 316 ҳазор нусха ба анбори китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд. Дар ин хусус Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар умум давоми соли 2025 ба анбори китобҳои дарсии вазорат 8 миллиону 681 ҳазору 310 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ ворид гардид, ки 94,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Вазорати маориф ва илм бори нахустин аст, ки ба чунин дастоварди назаррас, яъне чопи қариб 9 миллион нусха китоби дарсӣ ноил мегардад.

Соли 2025 бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастхати 28 номгӯй китоби дарсӣ, 9 номгӯй дастури таълимию методӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 151 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба нашр тавсия карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ин давра Вазорати маориф ва илм дар таҳия ва нашри китобҳои дарсии насли нав ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Китобҳои дарсии «Математика», «Забони тоҷикӣ» ва «Хониши адабӣ» барои синфи 1-ум аз ҷониби вазорат нашр шуда, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас гардиданд. Инчунин дар ин давра мувофиқи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Русия 800 ҳазор нусха китоби дарсии насли нав аз фанни забони русӣ (иборат аз ду қисм) барои хонандагони синфҳои 3-4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ нашр ва ба раёсату шуъбаҳои маориф дастрас карда шуд.

Инчунин дар ин давра ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ (гимназияву литсейҳо барои хонандагони болаёқат, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) 7 миллиону 150 ҳазору 889 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дастрас карда шуд. Ин шумора нисбат ба соли 2024 41,5% зиёд мебошад.

Муассисаи нашриявии «Маориф» дар давраи ҳисоботӣ 120 номгӯй адабиёти таълимии нақшавиро барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳрир, тасҳеҳ, тарроҳӣ ва ба чоп омода намуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд