Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлил ва арзёбии соҳаи сайёҳӣ, аз шумораи умумии сайёҳони ба ҷумҳурӣ воридгардида 61 фоиз ё 1,1 миллион нафари онҳо ба шаҳри Душанбе омада, аз хизматрасониҳои маишию сайёҳии пойтахт истифода намудаанд. Чунин иттилоъ дод муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ 5 феврал зимни баргузории нишасти матуботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 370,5 ҳазор нафар меҳмонон тавассути фурудгоҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан аз хориҷи мамлакат ба шаҳри Душанбе сафар намуданд, ки нисбат ба соли 2024 123,1 ҳазор нафар зиёд мебошад.
«Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррифи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба меҳмонон ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бахши хизматрасонию маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд. Бо ин мақсад бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соли 2025 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт Намоишгоҳи дуюми «Dushande International Tourism Exhibition» (DITE-2025) баргузор гардид. Дар он зиёда аз 200 ширкати хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 65 ширкат аз кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, молу маҳсулот ва хизматрасонияшонро ба таври васеъ муаррифӣ намуданд», -афзуд Бахтиёр Шарифӣ.
Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 156 чорабинии гуногуни сайёҳӣ, бахусус 75 саёҳати дохилишаҳрӣ «RED BUS TOURS» ва кӯчаи мавсимии сайёҳии «Куруши Кабир» ташкил карда шуд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки бо мақсади муаррифии бренди миллии сайёҳӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ бо ҷалби намояндагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷӣ, меҳмонони пойтахт, сайёҳони хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма хатсайри сайёҳии «Сайри Меҳргон» ва «Сада» ташкил гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад






