Соли 2026 дар шаҳри Панҷакент дар ҳазор гектар боғ бунёд карда мешавад

Февраль 21, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар шаҳри Панҷакент дар ҳазор гектар бунёди боғҳо пешбинӣ шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии «Шоҳҷаҳон»-и деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент дар канори мавзеи Дашти Малла бунёди боғи нави интенсивӣ  шуруъ гардидааст. Дар ин мавзеъ дар масоҳати чоруним гектар бунёди боғи дарахтони мева пешбинӣ карда шудааст.

Дар навбати аввал дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ниҳолпарварии ҷумҳурии ҳамсоя 1200 бех ниҳоли навъҳои интенсивии себ, гелос ва шафтолу харидорӣ ва шинонида шуд. Азбаски шинонидан ва парвариши ниҳолҳои навъи интенсивӣ махсусияти худро дорад, ба шинонидани он мутахассисон ҷалб гардиданд.

Дар ҳолати дуруст риоя кардани қоидаҳои агротехникӣ ниҳолҳои навъи интенсивӣ баъди се сол мева медиҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Февраль 21, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд