Соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида мешавад

Февраль 19, 2026 18:20

ВАҲДАТ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар ҳудуди Резервати биосферии Ромити Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо иштироки сокинони ҷамоат, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ваҳдат ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ бо риояи талаботи агротехникӣ 1000 бех ниҳоли сояафкан, 300 бех ниҳоли ороишӣ ва 200 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд.

Ҳамчунин бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарӣ-гигиении муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои чамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нисбат ба табиат ҳашари тозагӣ гузаронида шуд.

Сардори  шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар  шаҳри Ваҳдат Акмал Каримзода иброз намуд, ки «дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» мувофиқи нақша  соли 2025 бояд 18 ҳазор бех ниҳол шинонида мешуд. Бо дастгирии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди шаҳр  27 ҳазору 121 бех ниҳол шинонида шуд, ки сабзиши он 79,3 фоизро ташкил медиҳад».

Соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат  беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад.

Имрӯзҳо сокинони шаҳри Ваҳдат бо истифода аз ҳавои мусоид дар  шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳо машғули шинонидани дарахтони гуногун мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Февраль 19, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад